7 феврали соли 2023 Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард.
Меҳмонон ва ҳайати ҳамроҳонашонро дар идораи Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО Роғун директори генералии Ҷамъият Хайрулло Сафарзода ва кормандони масъули Ҷамъият истиқбол ва пазироӣ карданд.
Дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъият бо меҳмонон ва ҳамроҳонашон мулоқот дар мавриди лоиҳаи Неругоҳи Роғун, ҷараёни воқеии корҳо дар иншоот ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба сохтмон сурат гирифт. Зимни сӯҳбат директори генералии неругоҳ меҳмононро бо мушаххасоти лоиҳаи нодири “Роғун” шинос кард.
Сипас меҳмонон ва ҳамроҳонашон аз иншооти сохташавандаи неругоҳ, аз ҷумла Нақби сохтмонии қабати 4, Сарбанд, Обқабулкунаки доимӣ, Нақбҳои обрасони агрегатҳои 1-6, Баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3, Толори мошинҳо ва ғайра аз наздик шинос шуданд.
Меҳмононро дар ин сафар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ кард.